Мо мусулмонҳо ва Коронавирус — (Видео)

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ! وَإِذَا مَرِضْتُ فَهُوَ يَشْفِينِ.. Ва вақте бемор шудам Ӯ аст (Парвардгори ман), ки шифоям медиҳад.. (Шуъаро: 80) Дустони азиз! Ин ҷо мехоҳам дар бораи вируси Короно суҳбат кунам. Вирусе, ки оламро дар таҳлука оварда, як идда аз гирифторону мабталошудагони ба он, то кунун фавтидаанд. Ва дар … Читать далее Мо мусулмонҳо ва Коронавирус — (Видео)

Суннат, дуввумин сарчашмаи илмии мусулмонон

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим Бешак китоби Аллоҳ росттарин, ва роҳи нишондодаи ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтарин роҳ аст. Ношоёнтарини корҳо сохта ва бофтаҳои сунъӣ дар дин мебошанд, ва тамоми сохтаҳову бофтаҳои берун аз китобу суннат, гумроҳист ва ниҳояти ҳар гана гумроҳӣ гирифторӣ ба азоби ҷаҳаннам аст. Ва Худоро шукргузорӣ мекунам, ки моро роҳнамоӣ ба суи роҳи дуруст … Читать далее Суннат, дуввумин сарчашмаи илмии мусулмонон

Ихвонулмуслимин; аз ҳақиқат то иттиҳом

Соли нави милодии 2020, Тоҷикистон, ватани азизи мову шумо, бо ҳабсу зиндон карданҳо оғоз шуд. Ин ҳаросафганиҳо беш аз се даҳа аст, ки бо шаклҳои гуногун дар кишвар идома доранд: аз ҷанги шаҳрвандӣ, ҳодисаҳои солҳои 1992-1997, Толибон, Алқоъида ва ДОИШ бигир то эҷоди тарс аз зимистонҳои сард, қаҳтӣ, камбудии озуқаворӣ ва обу барқ, ки Раҳмонов … Читать далее Ихвонулмуслимин; аз ҳақиқат то иттиҳом

Имрӯз маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломӣ ҷорӣ аст

Муҳаммадсаъид Ризоӣ, руҳонии тоҷик ва узви аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо баёни ин ки имрӯз “маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломӣ ҷорӣ аст”, гуфт: “Ашхосе, ки баъд аз истиқлол дар донишгоҳҳои исломӣ ва кишварҳои мусалмонӣ таҳсил кардаанд, дар таъқиби ниҳодҳои амниятӣ қарор доранд. Иддаи зиёде аз онҳо дар зиндонҳо ба сар мебаранд ва шумори … Читать далее Имрӯз маҳдудият дар тамоми абъоди фаъолиятҳои исломӣ ҷорӣ аст

Доктор Муҳаммад Мурсӣ ва ҷамоати Ихвон ул-муслимин

Ҳаракати бародарони мусулмон (ҷамоъати Ихвон ул-муслимин)-ро Ҳасан Ал-Банно (Ҳасанулбанно раҳматуллоҳи алайҳӣ) соли 1928 пас аз байн бурда шудани хилофати исломӣ-усмонӣ, ки мусулмонон ва кишварҳои исломӣ тавассути он ҳимоят мешуд, таъсис дод. Ҳадафи ҳаракат ташаккули шахсияти мусулмони воқеъӣ ва муосир, ташкили оила, муҷтамаъи намуна ва сохтани давлат бар пояи адолати илоҳӣ ва озодиҳои иҷтимоъӣ аст. Соли … Читать далее Доктор Муҳаммад Мурсӣ ва ҷамоати Ихвон ул-муслимин

Ҷузъиёти ҳамоиши Дортмунд аз забони раиси ситоди баргузории ин ҳамоиш

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сулҳи Тоҷикистон яке аз масоили муҳимми маҳофили сиёсӣ ва расонаии ин рӯзҳои ин кишвар ба ҳисоб меояд. Чанде пеш маросими 21-умин солгарди имзои паймони сулҳ дар Душанбе баргузор шуд. Бо гузашти чанд рӯз аз ин рӯйдодҳои дохили Тоҷикистон, гурӯҳҳое аз мухолифин низ ба раҳбарии ҲНИТ дар садади баргузории маросими бузургдошти 21-умин … Читать далее Ҷузъиёти ҳамоиши Дортмунд аз забони раиси ситоди баргузории ин ҳамоиш