Таъсири рӯза бар вируси короно

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Дӯстони азиз! Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳ.

Инак, ду даҳа аз моҳи нузули Қуръон, моҳи ислоҳи ҷисму руҳ ва моҳи меҳмонии Худо сипарӣ шуд; даҳаи аввали раҳмат ва даҳаи дуввум мағфират. Ва ҳоло мо дар остонаи даҳаи ахир, даҳаи раҳоӣ аз оташи дӯзах қарор дорем. Аллоҳи пок модоме ба мо раҳмат кард ва ба моҳи мубораки Рамазон моро расонид ва тавфиқ дод, то рӯза бидорем, умедворам моро мағфират карда бошад ва боз тавфиқи бештаре бидиҳад, то шоистагии бештари қурби даргҳошро касб карда бошему аз оташи дузах раҳоӣ ёбем.

Шаби қадр

Даҳаи охири рамазон фазилатҳои зиёде дорад. Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) даҳи ахири ин моҳи бузург, махсусан шабҳои тоқи онро бо қиём, бедорӣ ва бо намозу ниёиш мегузарониданд. Ба уммати худ таъкид ҳам кардаанд, то дар шабҳои ахири моҳи Рамазон зикру тоъату ибодат ва аз амалҳои солеҳ бештар кунанд. Зеро дар байни шабҳои даҳаи ахири Рамазон шабест баробари ҳазор моҳ. Ҳазор моҳ ин баробар ба як умри одам аст, ҳазор моҳ (30000) рӯз, ва беш аз (82) сол аст ва он ҳам нодир. Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯяд:

أعمار أمتي ما بين الستين إلى السبعين، وأقلهم من يجوز ذلك

“Ғолибан умри умматони ман аз 60 то 70 сол мебошад. Ва каме аз онҳост, ки аз ин, яъне аз 70 мегузарад.”

(Ибни Ҳаббон дар саҳеҳи худ ва Ҳоким ин ҳадисро саҳеҳ гуфтаанд. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар Фатҳулборӣ ва Тирмизӣ ҳам дар сиҳоҳи худ санади онро ҳасан овардааст.)

Парвардигори олам мефармояд:

إِنَّا أَنْزَلْنَاهُ فِي لَيْلَةِ الْقَدْرِ. وَمَا أَدْرَاكَ مَا لَيْلَةُ الْقَدْرِ. لَيْلَةُ الْقَدْرِ خَيْرٌ مِنْ أَلْفِ شَهْر

“Мо Қуръонро дар шаби Қадр фурӯ фиристодем, ва Ту чӣ донӣ чӣ ҳаст шаби Қадр? Шаби Қадр беҳтар аз ҳазор моҳ аст.” (Қадр: 1-3)

Шаби Қадр шабе аст, ки тамоми аъмоли инсонҳо дар он андоза карда мешавад. Инсони мӯъмин ва мухлиси ба Парвардигор дар он шаб аҷру подоши беш аз (82) солро ба даст меорад. Ин дигар камоли меҳрубонии Худост ба бандагонаш, вале ин ниҳояти лутфу меҳрабонии Офардгор нест. Офардгору Парвардигори мо аз ингуна лутфу меҳрабониҳо хеле зиёд дорад.

وإن تعدوا نعمة الله لا تحصوها إن الله لغفور رحيم

“Ва агар шумориш кунед неъматҳои Худоро наметавонед онҳоро шуморида, бешак Парвардигор ҳамоно соҳиби гузашт ва ниҳоят меҳрубубон аст.” (Наҳл: 18)

Рӯза сипар аст

Ҳоло биёед ба ин фармудаи Расули Акрам (с), ки ҳадиси қудсӣ аст, бо диққат назар андозем:

كل عمل ابن آدم له إلا الصوم فإنه لي وأنا أجزي به

“Ҳамаи кардаи фарзанди Одам барои худи ӯст, магар рӯза доштан, зеро он барои ман аст ва ман подоши онро медиҳам.”

Байҳақӣ дар Сунани худ, дар робита бо ҳадиси мазкур меоварад: Суфён ибни Уяйна (Худо раҳматашон кунад ва аз Эшон розӣ бошад!) дар хусуси ин ҳадис мегӯяд:

قال: هذا من أجود الأحاديث وأحكمها: إذا كان يوم القيامة يحاسب الله عبده ويؤدي ما عليه من المظالم من سائر عمله حتى لا يبقى إلا الصوم فيتحمل الله عز وجل ما يبقى عليه من المظالم ويدخله بالصوم الجنة

Мегуяд: “Ин ҳадис аз гуворотарин ва муҳкамтарини ҳадисҳост: Вақте қиёмат барпо шуд, Аллоҳ бандаашро ҳисобот мегирад, муҳосаба мекунад. Ва корҳои неки як бандаи накӯкорашро ба дигарон дар ивази зулмҳое, ки ӯ ба онҳо раво дидааст, медиҳад — ин гуна зулмҳо худи зулм, таҳқир, писханд, тамасхуру чашмпаронӣ ва бадгуӣ, ноҳаққӣ ва амсоли инҳо шуда метонанд — то ин ки ба ғайр аз рӯзаи доштааш, дигар чизе барои он банда боқӣ намемонад. Инҷост, ки Парвардигор товони баргардонидани боқимондаи онҳоро аз тани бандаи рӯзадораш бар ӯҳдаи худ мегирад ва бо рӯзаи доштааш ӯро дохили ҷаннат мегардонад.” (Сунани Байҳақӣ)

Ёдамон бошад, дар ин машҳад ва ба чунин саҳна ҳар як инсон, ҳар кадоми мову шумо рӯ ба рӯ мешавем, зеро дониста ё нодониста ингуна кирдорҳо аз мо сар задагӣ ҳастанд, махусусан мо инсонем ва инсон бесаҳву хато намебошад.

Дар он замон касоне дар дунё бар онҳо зулм шудааст, таҳқир шуданд ва тамасхуру ноҳаққӣ дидаанд, қабул намекунанд ва исрор мекунад, ки аз худи касоне ин муомалотро ба онҳо раво дидаанд, ҳаққи худро меситонанд. Вале Павардигори меҳрубон ба малоик мегӯяд, ҳиҷоб ва он пардаро аз рӯи подошу мукофотҳои ман, ки ба ин хотир омода кардаам бардоранд. Вақте онҳоро мебинанд, аз ҳаяҷон чанд лаҳзае беёд мешаванд. Ҳангоме ба худ меоянд, он чиро, ки аз баданҳои Худо дарёфт карда буданд, раҳо мекунанд, мегӯянд баргадонед инҳоро ба соҳибонашон ва ба Парвардигори худ мегӯянд мо танҳо аҷру подоши туро мехоҳем. Ин аз муждагонии рӯза нест, ки танҳо он рӯзадорро дохили ҷаннат мекунад?! Ин ҳамон маъноро медиҳад, ки “магар рӯза доштан, зеро он барои ман аст” пас касе наметавонад аҷри рӯзаи рӯзадорро аз он бигирад, он захираи беҳамтои танҳо худи рӯзадор аст.

Дар ҷаннат чизҳое ҳаст, ки арзиши онҳоро танҳо Худо медонад. Инро Худо худаш гуфтааст: (ҳадиси қудсӣ аст)

أعددت لعبادي الصالحين ما لا عين رأت ولا أذن سمعت ولا خطر على قلب بشر. وفي رواية: ولا يعلمه ملك مقرب ولا نبي مرسل

“Барои бандагони солиҳи худ чизҳое омода кардаам, на чашме онҳоро дидаву на гуше аз онҳо шунидааст ва на дар дили кадом башаре чизе аз онҳо гузаштааст.” Ва дар ривояте ҳам омада, ки: “… ва на онро малоикаи муқаррбе медонад ва на набийи мурсале.”

Рӯза дар воқеъ сипарест инсонро аз гуноҳ ва аз бемориҳо нигоҳ медорад. Рӯза илова бар он ки ибодати гуноҳсӯз аст, инсонро аз гуноҳ кардан бозмедорад. Дар ҳадисе, ки Ибни Масъуд ривоят мекунад, омадааст:

يَا مَعْشَرَ الشَّبَابِ، مَنِ اسْتَطَاعَ مِنْكُمُ الْبَاءَةَ فَلْيَتَزَوَّجْ، فَإِنَّهُ أَغَضُّ لِلْبَصَرِ، وَأَحْصَنُ لِلْفَرْجِ، وَمَنْ لَمْ يَسْتَطِعْ فَعَلَيْهِ بِالصَّوْمِ؛ فَإِنَّهُ لَهُ وِجَاءٌ

“Эй гурӯҳи ҷавонон! Ҳар кӣ аз шумо тавони оила барпой карданро дорад, зан бигирад, чун ин пешгирӣ аст аз чашм андӯхтан, ва нигоҳдоранда аст барои шармгоҳ. Ва ҳар кӣ ин тавонро надорад, рӯза бидорад, зеро рӯза доштан барои Ӯ роҳи ҳал аст.”                    (Муттафақун алайҳӣ)

Рӯза доштан чи таъсире болои вируси короно дорад?

Хелеҳо то ба ҳол ба ин боваранд, ки оё дар асри 21, дар овони шеваи нави зиндагӣ дар олами технологияву элекрониёт, ҷое барои рӯза доштан вуҷуд дорад? Ингуна гумонҳоро ҳатто нисбати дину эътиқодот ва (Худо паноҳ бидиҳад) нисбати Худо низ доранд. Мегӯянд оё ҷое барои тавассул ба Худову шариъат дар чунин шароите, ки башарият ба ҳама чиз дастёб шудааст ва бар ҳама мушкилот чирааст, вуҷуд дорад?!

Ин назари ҳамон касе мебошад, ки худ ба ин шеваи нави зиндагӣ дар олами технологияву электрониёт на танҳо дастрасӣ надорад, балкӣ дар ин қафомондагии худ, диндориву шариъатро муқассир меҳисобад. Ҳатто рӯзадорӣ ё зиёдшудани масоҷиду намозгузоронро монеъи самараи кор ва пешрафти иқтисодиёт унвон мекунад. Вале шарм накарда, вақте ба мушкилоте бармехурад, аз тоҷирони саховатпеша ва ҷавонмардони боғайрат, бо зикри номи Худо ва такя ба шарафу номуси мусулмонӣ, кумаку ёрӣ талаб мекунад.

Дар ин қисмати аз суҳбатоҳоям мехоҳам ба рӯзадорӣ ва таъсири он ба бархе бемориҳо, аз ҷумла вабои короновирус бипардозам.

Дар робита ба беморон, мо медонем, ки Парвардигори мо худаш ба онҳо рухсат додааст, то рӯзаро дар рӯзҳои баъд, пас аз шифо ёфтан бигиранд. Вале касалу бемориҳое ҳам вуҷуд дорад, ки бо истифода аз рӯза доштан табобат шаванд.

Дар оғози соли ҷорӣ, 2020 маҷаллаи тиббии нави англисӣ (New England Journal of Medicine) матлаберо аз хонум, доктор Соё Петерсон (Sue Petersen) бо унвони “дар соли 2020 оё боз ҳам рӯзадорӣ аст?” (IS 2020 THE YEAR OF INTERMITTENT FASTING?) ба нашр расонид. Хонум Соё мегуяд воситаҳои расонаҳои пешрафта дар ҷоҳони имрӯза, пайдарпай аз рӯзадории фосилавӣ мегуянд. Ин навъи рӯзадорӣ манъшуданаст дар руз аз хурдан ва нушидан ба муддати 10-14 соъат. Риояи бо тартиби ин равиш тавоноии дармонияшро ба сурати нодир барои дармонҳои илтиҳобӣ (воспаление) собит кардааст. Доктор Соё Петерсон ҳамчунин таъкид мекунад бо рӯзадории фосилавӣ бисёри аз бемориҳои музминӣ (хронические болезни) монанди бемориҳои қанд ва фишори баланди хун табобат меёбанд. (https://drsue.ca/2020/01/is-2020-the-year-of-intermittent-fasting/)

Дар ин авохир Донишгоҳи Йел (Yale University) дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка (ИМА) ба рӯза пардохтааст. Дар натиҷаи баҳсу баррасиҳои илмии зиёд болои рӯзадорӣ ҳақиқатеро кашф намуд, ки инсон ва ҳайвонот (фарқе надорад) вақте бемор мешаванд, тамъу маззаи таъом ва ғизоро ба сурати табиъӣ гум мекунанд. Ин як аксуламали табиъӣ аст барои ҷисм –иштиҳои таъом ҳам мепарад- ҳамзамон ин ишора ба он мекунад, ки бемор аз хурдан дурӣ кунад, яъне ҷисм, организм мехоҳад рӯза бигирад, организми он ҳайвон мехоҳад нахурад. Дар ҳоле кам нестанд таҷрибаҳои фаровоне, ки нишон додаанд хелле аз бемориҳо тавассути рӯза доштан шифо ёфтаанд.

Равоншинос, Профессор Марк Маттсон (Mark Mattson), раиси феълии қисми Озмоишгоҳи аъсоб аз Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс (Johns Hopkins University), кашф карда, ки рӯзадорӣ ба навъи олӣ аз ҳамагуна илтиҳобҳо (воспаление) коҳиш медиҳад. Ӯ мегуяд рӯза доштан бисёре аз мушкилоти пешгириҳои дармонҳои сиҳҳиро ҳал мекунад ва бемориҳое; монанди пайвандард (Артрит) ва нафастангиву шушҳоро шифо бахшида, заҳрҳои такшиншудаи ҷиҳози ҳозимаро аз байн мебарад, ки дар натиҷа навъе аз пешгирии бемории Рак мебошад. Вай маътақид аст, ки рӯзадорӣ восита (филтер) и софкорӣ ва ислоҳи ҷигар ва поксозии маъеда буда, димоғ ва коркарди ҳуҷайраҳои асабро қаввӣ месозад. Хулосаи профессор Марк Маттсон ҳамин аст, ки рӯзадорӣ омили аз навсозӣ ва тақвитии ҳуҷайраҳо ва кори дастгоҳи муҳофазатии аъсоб мебошад.

Рамазон ва вируси короно

Ҳоло, ки ҷаҳон дармондаи короновирус аст, оё рӯза метавонад ба гирифторони вируси Короно таъсире бирасонад. Агар оре, пас он чигунааст?! Ва агар на, боз ҳам чигуна?!

Профессор Йоҳан Гисек (Johan Giesecke) мутахассиси бемориҳои сироятӣ, эпидемиология (Инфекционные заболевания Эпидемиология), узви Ҳайъати пайгирии вируси короно (COVID-19) ва масъули қисми пайгирӣ аз нумуи вируси нав, (коронавирус) дар Институти Kронси Шветсия (The Swedish Kronos Institute) мегуяд: “касоне, ки гирифтори бемориҳои музмин, бемории қанд ва фишори баланди хун нестанд, ҳеҷ далили илмие вуҷуд надорад, ки хушкии даҳон, хатари гирифтории ба короновирусро биафзояд.”

Профессор эътиқод дорад, шакке нест, ки рӯзадорӣ хатари гирифторӣ ба вируси короноро кам мекунад. “Рутубат инкубатсияи пардаи луобии вируси Corona -ро таъмин мекунад ва ҳангоми рӯза хатари сироятёбӣ кам мешавад. Зеро рӯзадорӣ дастгоҳи дифоъии баданро қаввӣ мекунад” мегуяд Ӯ бо ҷазобият. Дар айни ҳол Профессор рӯзадоронро насиҳат мекунад, ки рузона мазмазаи даҳонро бо оби гарм чанд маротиб дошта бошанд. Ҳамонгуна, ки Кумитаи беҳдоштии сиҳии ҷоҳонӣ ба хотири ҳифозат аз гирифторӣ ба вируси короно, тавсия медиҳад ба шустани андомҳои зоҳирӣ; амсоли дастҳо, руй ва даҳону бинӣ, ки дар шариъати мо, дар ислом ҳамон таҳорат аст, ки Паёмбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) фармуда, дар руз чанд маротиб як мусулмон ба хотири намоз онро анҷом бидиҳад. (https://sverigesradio.se/sida/artikel.aspx?programid=2494&artikel=7457847)

Дӯстони азиз! Куръони карим бо тибби тарақикарда, ҳар қадре пешравӣ дошта бошад мувофиқ аст. Дар нисбати бемор ин иҷозаро ба Ӯ додааст, то рӯза надорад, (..ва кадоме бемор ё дар сафар аст, пас рузаро дар рузҳои дигар медорад, Аллоҳ барои шумо осонӣ мехоҳад, на душворӣ.. Бақара: 185)вале мусулмони солимро амр кардааст рӯза бидорад. Пас шахси солимро лозим аст рӯза бигирад, то аз фоидаҳои сиҳии он баҳравар шавад.

Ибрат

Дар хотима тазаккуре медиҳам, албатта аввал ин тазаккурро барои худам аст. Пушида нест, ки ҳеҷ кори Парвардгори олам беҳикмат нест. Ҳамеша дуъо мекунем Парвардгор ин вабои коронро аз саросари олам дур кунад ва ҳамватанони моро аз шарри он нигоҳ бидорад.

Ман фикр мекунам, короновирус ҳарчизе бошад махлуқи Худо аст. Ҳоло омили пайдоишаш ҳарчизе бошад, маълум нест. Мардуми дунё дар бораи пайдоиши он назарҳои гуногун доранд. Агар бигуем садҳо милион назарҳо вуҷуд дорад, муболаға накардаем. Вале милиардҳо, балкӣ мо, тамоми сокинони руи замин беихтилоф боварӣ дорем, ки короновирус ҳаст. Боварӣ дорем он вабои муҳлик, сирояткунанда ва хатарнок аст. Бинбар ин, ҳарчӣ ҳар касе барои пешгирии он мегуяд, қабул дорем. Моск мезанем, дастпушак мекашем ба дастҳо, шустушуи дастҳо ва рую даҳону бинӣ ва шустушуи баданро ба такрор анҷом медиҳем. Воксинҳои пешгирикунандаи сироятӣ истифода мебарем. Тамоми гирду атрофро пиёзу сиру испанд гирифтааст; болои тоқ, паҳлуи дару тереза ва ҳаммому даҳлезҳоро пиёзу сир тоза карда мемонем ва дам ба дам иваз мекунему тоза карда воксин мезанем.

Туй, ҷашну маъракаҳо ва мусулмонон масҷид, намози ҷамоъату таровиҳро раҳо кардаанд. Ифтор дар ин моҳ, таъам додани як рузадорро ки аҷри фаровон дорад, маътал кардаем. Саломи даст ба дасту оғушгирӣ бо падар, модар ва бародару дигар одамони дуру наздикро бас кардаем. Беморон ва фавтидагони худро аз дур ва бо этиёт ҷаноза ва мурдаҳоямонро бо хавф мегуронем. Ин хубаст, зеро мо маъумрем аз саломатии худ, оила, фарзандон ва атрофиён муроқабат дошта бошем ва вазифадорем ҷомиъаи худро солим нигоҳ бидорем. Шариъати ислом ҳам мухолиф нест. балкӣ ин корҳоро барои саломатии мардум ва ҷомиъа тарғиб мекунад.

Аммо ин короновирус метавонад ибрате шавад! Ҳоло намешавад, ки имон ба Худои худро бо имон ба короновирус қиёс кунем?! Оё намешавад дар эмони худ ба қодириву бениёз будани Аллоҳи раббулиззат таҷдид биёварем?! Намешавад ба худ биандешем, ки аз Парвардгори азизу ҷаббор бештар тарс дорем ё аз ин Короновирус?! Ва ё ба Худое, ки раҳмону раҳим ва кариму латиф аст бисёртар умед дорем ё ба ҳамон тадбирҳое, ки барои гирифтор ба короновирус нашавем, мегирем?!

Мо басташудани хонаи Худоро ба руи зоирон ва манъ элон кардани ҳаҷҷи фарзиро барои ҳар мақсаде ҳуҷҷат мекунем ва фатво медҳему иҷозат, вале чаро ин андешаро надошта бошем, ки он Парвардгоре бенаёз аст, шояд ҳам худ дари хонаашро ба руи мо бастааст?! Худо накунад, ки моро ба дидори Каъбаву тавофи хонааш ва сангзадани шайтонҳоямон лоиқ надида бошад!

Ба тавофи Каъба рафтам, ба дарун раҳам надоданд,

Ки буруни дар чи кардӣ, ки даруни Хона ойӣ?!..

Эмом Зайнулобиддинро (Аллоҳ раҳматуш кунад ва аз Ӯ розӣ бошад) ҳамроҳонаш баъди адои Ҳаҷ, ки анбуҳи зиёде дар он ҳузур пайдо кардааст, мепурсанд: “чи қадр хоҷини зиёд буданд дар адои фаризаи Ҳаҷ, имсол!” Ҳазрат мегуяд:

ما أكثر الزجيج، وما أقل الحجيج

“Ҳай ғавғогарони зиёдеву ҳаҷкунандагои каме буд (дар ҳаҷҷи имсола)”

Ва ҳаригиз ингуна набошад, ки дар Ҳаҷ, дар Арафот ва дар тавофу дар саъйи худ, мо ҳаҷиҷ неву заҷиҷ буда бошем!Вақти он нарасидааст, ки чашми басират ва самъу гушҳои дили худро боз кунем ва бубнем, андеша кунем, ки ҳамон Худое дар ҳамаҷо ҳаст, моро дар масҷидҳо ва ин хонаҳояш ҳам роҳдоданӣ набошад?!

Ҳеҷ ба инки, то ба кай ин вазъ давом меёфта бошад, андеша кардаем? Ва ҳеҷ фикр кардаем, ки ин короновирус бо ҳамин шакл идома пайдо кунад ба сари одаму олам чӣ меояд?! Ман мутмаъннам қудраманднамоҳо ва тамоми ман-манигуёни дунё, тавоноии худро дар пеши қудрати бечуну чарои Худо дарк карданд, ба Ӯ руй оварданд ва дар фикри оқибати он меандешанд.

Мо низ модоме ҳаёт ваҷуд дорад, дунёе аст ва мо дар болои замин ҳаракат мекунем, мутмаъин бошем, ки Парвардгор ин имкониятро аз мо нагирифтааст, дари дуъо ва роҳҳои илоҷи ҳама мушклоти эҳтимолдошта, боз мебошад. Пас даҳаи раҳои аз оташи дузах фурсати хубаст барои дуъову талб аз Парвардгори қодиру тавоно, барои аз байн бурдани ин Вабо.

اللهم إنا نعوذ بك مِنْ الْبَرَصِ وَالْجُنُون وَالْجُذَامِ وَمِنْ سَيِّئْ الْأَسْقَامِ

Илоҳӣ! Мо аз песӣ ва девонагиву ҷузом ва аз бадии тамоми бемориҳо ба Ту паноҳ мебарем..

Ва миналлоҳит тавфиқ, вассалому алаййкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳ!

17.05.2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s