Радди фатвои ҷоҳил – (Видео)

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Ҳамватанони азиз, хонандагони муҳтарам!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳу.

Моҳи мубораки Рамзон, моҳи раҳмату мағфират, моҳи тоъат, моҳи Қуръони карим, моҳи подоши азим; моҳе, ки аъмоли рӯзадорон баробари ҳазор моҳ қадр мешавад, моҳи хушнудии ятимону ниёзмандон, моҳи ваҳдат ва моҳи саломатии ҷисмӣ ва руҳиро барои тамоми мусулмонон, ҳамватанони азизи худ, махусусан муҳоҷирони ранҷбару дур аз Ватан табрик арз мекунам. Дуъо мекунем Парвардгор ин моҳро барои оламиён бо юмну баракот бигардонад.

ومن يعص الله ورسوله ويتعد حدوده يدخله نارا خالدا فيها وله عذاب مهين

Ва ҳар, кӣ Худо ва расули ӯро нофармонӣ мекунад ва дар маҳудудаи Ӯ таъаррз мекунад, (Аллоҳ) ӯро барои ҳамеша дохили оташ (дузах) мекунад ва барои Ӯ азоби иҳонатбор аст. (Нисо: 14)

Бо камоли таассуф пешопеши моҳи рамазон, рух додани таҳқиру туҳмати басо сангин ба ин моҳи бузург, рукне аз аркони бинои ислом, маҷбурам кард ҳамчун масъулияти имонӣ ва қарзи мусулмонӣ ва як мулло, то ба он бипардозам. Хотиррасон мекунам ин вазифаи танҳо ман нест, балкӣ вазифаи ҳама уламо ва донишмандони исломӣ мебошад, ки вақте мебинанд таҳқире, иттиҳоми норавое ба ислом, ба дине, ки ба он эътиқод доранд, баста мешавад, аз он ҳимоя кунанд. Ҳадди ақал ин нишонаи садоқату боварӣ ба он дину ойине, ки пойбандашанд, шуда метавонад. Бешак ин чунин таҳқирҳо ва иттиҳомҳои нораво задан ба як ойини поки осмонӣ аз шинохтӣ ғалат, ҳадношиносӣ ва душманиву бадбинӣ ба пайравони он, яъне исломситезиву мусулмонбадбинӣ сарчашма мегирад ва ба вуҷуд меояд.

Мухотаби асосии ман инҷо ғалатфаҳмону ҳадношиносони исломситез ва мусулмонбадбин нестанд. Зеро ин табиъати онҳо аст. Балки рӯи суханам бо илм, уламои шариъат, домуллову муллоҳо аст.

Аввал лозим аст хитоб ба ҷаноби Раҳмонов бигӯям, ки даст аз иҳонату ҳақоратҳо бардорад. Ба ӯ гуфтаниям: “Ҳадду андозаи худро – дар охирҳои умри худ ҳам бошад — бишнос, ба гуфтаи худат, ки “ман ҳам фарзанди мусулмонам” агар фарзанди мусулмон бошӣ, ҷанги бо Худоро бас кун! Бодуҳавосанҷ бош, аз қаҳтиву камбудии озуқаворӣ; орд, гушт, равған ва “оби тоза” ҳар пешбинӣ (прогноз)е дилат мехоҳад, бидеҳ. Ва фармону дастури захиракардани кадуву картошка барои як ё ду сол, гарчанде ин аз имкон дуру дар шаъни як Президент нест, бидеҳу мардуми худро дар хавфу изтироб нигоҳ бидор.”

Ман аз ин ки Ту як диктоторӣ, ва аз поймолшавии ҳуқуқ, аз овораву бепуштибонсохтани мардум ё ба дигарон туҳфа кардану фурухтани хоку марзи кишавар ё дуздидану тороҷ кардани сарвату дороигиҳои Тоҷикистон, ки Ту ҳамроҳ бо низдиконат ба он дастдарозӣ доред ҳам, чизе намегуям. Зеро Ту мухолифони сиёсӣ дорӣ, онҳо руз, то руз қудратманд шуда истодаанд, ҷомиъаи ҷаҳонӣ ва мардуми шарифи кишварамон ҳам аз ин кирдорҳо хуб огоҳӣ доранд ва ба зуддӣ туро мепурсанд ва худат дар назди Миллат ба ҳамаи онҳо ҷавоб хоҳӣ дод.

Ман ба аҳли илм, уламои шариъат, домуллову муллоҳо – албатта эҳтироми ҳаммашон болои дидааст — гуфтаниям. Ман ин бузургони дину миллатро омузиш доданӣ нестам, ки Рамазон кадом рукни ислом аст, ва чӣ ҳукм дорад?! Барои чи касоне амр шуда рӯза бидоранд ва кай рӯза бидоранд! Касоне Рамазонро инкор мекунанд ё бе узр (мониъаи ҷиддие) рӯза намедоранд чи гуноҳеро муртакиб мешаванд ва чи касоне метавонанд рӯза надоранд?! Кӣ метавонад иҷозаи рӯза надоштанро бидиҳад ва фатво бидиҳад, ки кадом вақт метавонед рӯза надоред?! Ба ҳеҷ ваҷҳ мақсади донондани ҳамчунин масълаҳоро надорам.

Ман ба ин бузургон бо як суоле муроҷиъат карданӣ ҳастам. Оё дар шаъни (мо) як олим, домулло ҳамчун вориси Паёбар (с) дуруст меояд, ки дар баробари таъарруз дар маҳдудаи фармудаи Худо аз тарафи ҳар кӣ бошад ва иҳонат ба шаръи Ӯ, ки мо дар он ҳастем, сокит бимонем, ё агар коре анҷом дода наметавонем, хомуш биистем?! Пас вазифаи (мо) як олим, домулло ва як эмомхатиб чӣ ҳаст? Ҳоло аз “Муфтӣ, Шурои уламо” ва “Маркази исломӣ” пурсиданиям, ки вазифаи шумо мардумро ба ончӣ Аллоҳ фиристода ва хостааст онгуна амал кунед, даъват кардан аст? Ё фармудаи як ҳокимро, ки бар хилофи дастуроти Худо ҳукм мебарорад ва ба майли худ таъвилҳои барғалат мекунад, ки ошкор ба фармудаи Худо мухолафат дорад, дуруст ҷилва додану мусулмонҳоро маҷбур кардан, ки аз он пайравӣ кунанд? Ё ҳар ҳақорату тавҳине нисбати дини Худо, масҷид ва эмомомхатибону мусулмонҳо аз тарафи ҳар касу нокасе шавад, хомуш истодану чашмпушӣ кардан, дар ҳоле шумо худро раҳбарону масълони диниву мазҳбиияшон меҳисобед?!

Вазифаи “Маркази исломӣ, Шурои уламои” мусулмонон ва раиси “Шурои уламо” восита шудан барои дуруст ҷилва додани таъвилҳои барғалати бо майли худ сохтаву бофтаи як ҳокими золими мустабид ва мусулмонҳоро маҷбур кардан, ки аз онҳо ҳамчун фармудаи Худову Пайғобар (с) ва шариъат пайравӣ кунанд нест. Шурои уламо, агар шурои уламои мусулмонон аст, вазифадор аст дар баробари ҳимоя ва баланд бардштани ҷойгоҳ ва обруи мусулмонон; 1. Шариъати муҳаммадиро дуруст ҳамон гуна, ки ба ҳазарти Муҳаммад (с) фармуда шуда, ба мардум бирасонад; 2. Аз шаръати муҳаммадӣ ҳимоя кунад, иҷозат надиҳад ҳар масту аласт ба дарстуроти Илоҳӣ мухолафат нишон бидиҳад.

Раҳмонов ҳамагӣ як Президент аст. Ҳаққӣ ташриъ ва манъ кардани бандагони Худоро аз парастиши Парвардгорашон надорад. Муъминонро ҳақи манъ кардан аз рӯза доштанро надорад. Зардолучинӣ аст, нақбканиву кор дар маркази бунёди барқдиҳӣ ва ҳоло баҳонаи кор дар зироъатгоҳҳо узре, ки рӯза надоранд шуда наметавонад. Бори аввал нест, ки Ӯ ҳадди худро таҷовуз ва ба ҳарими Худованд дахолати аблаҳона мекунад. Бояд аз мухолафатҳо ба аҳкоми дини Худо даст бардорад. Агар аз нофаҳмӣ аст бояд фаҳмонда шавад. Агар худро барҳақ медонад бояд ба Ӯ гуфта шавад: “Ту кӣ ҳастӣ?” Ту ин ҳақро надорӣ. Агар қабул накунад бояд ба мусулмонҳо расонида шавад, ки Ӯ таҷовуз аз ҳадди худ кардааст, ҳукмаш мардуд аст ва худаш берун аз дини овардаи Муҳаммад (с).

Манъи ҷавонон ва бонувон аз масоҷиду аз намози ҷамоъат, бастани масҷидҳо ва ба тарабхонаву дигар корхона табдил додан, ҳиҷоб ва русариро аз сари хонумҳо гирифтан, гуноҳи кабира ва дар айни ҳол аз ғалатфаҳмӣ ва амалҳои зишту бадбинӣ ба ислому мусулмонҳост, вале инҷо масъала фарқ мекунад; инкори як рукни асосии ислом ва инкори яке аз биноҳои панҷгонаи ислом ва мухолафат ба фармудаи Худо, ба Паёмбар (с) ва таҳқиру иҳонат ба дини Худост.

“Маркази исломӣ ва Шурои уламои Тоҷикистон”ро бас аст бозӣ бо дини Худо ва ҳар навъ иҳонат ба шариъати Илоҳӣ! Шуморо ба Худо, ин як навъ найрангу шайтанат ва масқара нишон додани дини илоҳӣ аст, на диндорӣ! Шармовар нест, ки бо фармони як Раисҷумҳури динситез фатво медиҳед, ки рӯза надоред, вале закоти фитри рӯзаро муъаян мекунед, эмомхатибҳоро ба маҳаллҳо мефиристед, ё муллоҳи маҳаллиро ҳамроҳ бо раисони маҳаллаҳо барои ҷамъкардани пул, гирифтани садақаи фитр муваззаф мекунед. Мисле, ки мақомоти Тоҷикистон, то имруз вуҷуди вируси Короноро дар кишвар инкор мекард –Худоё қадами шуми он аз саросари дунё бардошта шавад-, вале дар олам ҷоғ мезананд, барои бартараф кардани короновирус кумак кунед. Оё ин кумакҳо барои дастгирии мардум ва пешгирии ин беморӣ ва барои пешравии кишваранд? Агар чунин аст, чаро беморон дар кишвари мо дар карантингоҳҳо дар бадтарин ҳолат қарор доранд? чаро садҳо аз ҳамватани мо дар берун аз Ватан, дар интизори баргаштан ба хонаҳояшон душвортарин ҳолатҳоро аз сар мегузаронанд?!

Аз ин қабеҳтару шармовартар тасдиқ ва таъйиди ин фармону дастурҳо ва ҳақоратҳову иҳонатҳо ба дини Худо аз тарафи шумо аст. Далел аз “чоркитоб” меоред. Ин дигар, хатару офат аст барои дин. Фақиҳе, ки худ аз ҳақ сарпечӣ дорад ва ба эмоми ҷоир, ҳокими золиме, ки муқобили дастуроти Худо фармон мебарорад, садоқат нишон медиҳаду таъйиду датсгирӣ мекунад, дарҳои гуноҳро ба руи мардум боз кардааст.

Аз ин бадтару бадбахтиовартар розӣ будан ба он аст. Амри маъруф ва наҳйи аз мункар фарз аст. Ризои маъсият, ризои гуноҳ маъсияту гуноҳ аст, ризои куфр куфр аст. Ин қоидаи усулӣ дар фиқҳи исломӣ аст.

Рамазон ва рӯза доштан ибодати тоқатфарсо машаққатбор аст. Рамазон калимаи арабӣ аст, моҳи нуҳуми солшумории қамарӣ (моҳтобӣ). Солшумории қамарӣ бар хилофи салшумории шамсӣ (офтобӣ) собит нест, балкӣ дар сол 10 руз пешмеравад, барои ҳамин аст, ки моҳҳо бо навбат ҷайҳои худро дар фаслҳо иваз мекунанд. Маънои рамазон сангҳои тафсони сузон аст, рамазон ибодатест гуноҳҳоро месузонад. Рӯза доштан ибодати сахту таклифдорест, мушкилиҳо дорад; нахурдану наошоимидан ва дурӣ аз ҳамхобагӣ бо ҳамсари ҳалолу покизаи худ. Ҳар руз ба мудати як моҳ аз субҳ то шом. Танҳо ин на, тамоми аъзо; чашм, гуш, даҳон, дастҳову пойҳо ва қалбу забон, рӯзадорвнд дар ин моҳ. Аз ҳамма муҳим риъояи ахлоқи нек, ки барои касоне одатҳои носивору сигор доранд, бо оила, фарзандон муъомилаи дурушт доранд, бо зердастон бо хушунат рафтор мекунанд, хелло ва хелло душвор аст. Барои ҳамин аст, ки Худо рӯзадоштанро барои худаш нисбат додааст ва подоши рӯзадор ҳам худди уст ё худаш медиҳад, на малоикаҳое, ки ваколати додани аҷру подошро бар уҳда доранд..

Дар ҳадиси қудсӣ омаааст:

الصوم لي وأنا أجزي به

Рӯза доштан сирф ба хотири ман мешавад ва ман подши рӯзадорам (ё) худам (шахсан) подоши рӯзадорро медиҳам.

Рӯза доштан сиррест байни рӯзадор ва Худо. Як нафар метавонад ба зоҳир рӯзадор бошад, вале дар хафо рӯза надорад. Барои ҳамин барои надоштани рӯза, Парвардгор худаш фатво додааст. Як соҳибузр барои рӯза надоштан ниёз ба дастури Раисиҷумҳур, фатвои муфтӣ ё кадом “маркзи исломӣ ва шурои уламо” надорад. Дар асл онҳо муваззаф ҳам нестанд, ҳатто ҳақеро, ки чунин амру фатвое бидиҳанд, надоранд. Зеро Худо худ дар фармудаҳои худ, дар Қуръон фатво додааст, Паёмбарамон (с) дар аҳодиси худ инро нишон додааст ва аиммаи муҳҷтаҳиддин, соҳибони мазҳабҳо ҳам айни ҳамон чизро баён доштаанд.

وَمَن كَانَ مَرِيضاً أَوْ عَلَى سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَر يُريدُ اللّهُ بِكُمُ الْيُسْرَ وَلاَ يُرِيدُ بِكُم العسر

Ва кадоме бемор ё дар сафар аст, пас рӯзаро дар рузҳои дигар медорад, Аллоҳ барои шумо осонӣ мехоҳад, на душворӣ. (Бақара: 185)

Сафар ва мушкилоти он ба худи мусофир маълум аст, ҳеҷ зарурате барои фатво аз кадом ниҳоде барои хурдани рӯза дар сафар, лозим надорад. Барои беморӣ, шахси беморро беҳтар аст баҷои муфтӣ, қозӣ ё муллое, аз табиб ва духтури мутахассис бипурсад, ки модоме ман ин бемориҳоро дорам, метавонам рӯзаро, ки амри Павардгорам аст бигирам? Метавонам дар ин сабқате, ки подошаш худи Парвардгорам аст, худаш ҷоизаро медиҳад, иштирок ва баранда шавам? Духтур ва табиби ҳозиқ салоҳияти комил дар ин корро дорад. Осонирое, ки Аллоҳ дар давоми оят барои бандагонаш мехоҳад, духтурон ва табибони ҳозиқ таъмин мекунанд. Боз мегуям -эҳтироми домуллоҳо ҷои худ- духтур аст, ки аз тавоноии ҷисм (организм) и бемор бохабар аст, на мо домуллоҳо ё Раисҷумҳур ва муфтиву қозӣ.

Нофармонӣ аз дигарон дар маъсияти Илоҳӣ

Итоъат аз ҳоким, то вақте аст, ки аз фармудаи Парвардгор берун набошад. Вақте амре, супорише муқобил ба фармону дарстури Илоҳӣ бошад барои мусулмон қабул нест, фармонбардорӣ. Мусулмонон маъмуранд, ки аз чунин ҳокимон шаръан итоъат накунанд. Он ҳам улуламри мусулмонҳо нест. “Бешак фармонбардорӣ дар маъруф аст”. Фармудаи Расули акрам (с) аст, ки тоъату фармонбардорӣ аз улуламрҳои худ дар корҳои маъруф (нек, фармудаҳои Худованд) аст.

لا طاعة لمخلوق في معصية الخالق

Итоъату фармонбардорӣ барои махлуқ дар маъсияти холиқ нест. (Ҳадиси шариф)

Агар “Раиси шурои уламо, Маркази исломӣ эмомхатибон” дарбориянду ризои Худову рузи охиратро дар баҳои ризои роҳбарони дунявӣ додаанд, дигар руҳониён, олимону муллову домуллоҳо ва шахсиятҳои маъруфу машҳур, ки дар хидмати дини Худо буданду ҳастанд, кам нестанд дар кишвари мо. Ҳастанд уламое, ки дар дохил ва хориҷ аз кишвар, эҳтиром доранд, бо мардуми мусулмон вохирҳо мекунанд ва панду насиҳат медиҳанд. Онҳо бояд ин корро бикунанд, ба роҳбарони кишвар пайғомҳо ва насиҳатҳо бифристанд, агар насиҳатпазиранд. Агар на, пас мардумро аз қабули фатвоҳи ғалати онҳо огоҳ кунанд. Мардуми мусулмон дар диду боздидҳо бо ин домуллоҳо ва воъизон аз онҳо ин суолҳоро кунанд. Ин кори соддае нест, ёдовар шудам таъарруз бар ҳарими Худо, Паёмбар (с), ва таҳқиру иҳонат ба дину шариъати ислом аст. Агар инҳо ҳам намекунанд мусулмонҳо бидонанд ва бояд худ ин гуна фармону дастурҳорҳоро қабул накунанд.

Дар хотима хотиррасон мекунам, ки дин ва шариъат бар пояи ҳимояи тобиъонаш устувор аст. Парвардгор зимонати ҳифзи каломи худ, Қуръонро бар уҳда гирифтааст. Ҳимояи дин бар уҳдаи худи мусулмонҳост. Мову шумо маъмурем аз дини худ монади ирзу обруи худ ҳимоя кунем. Беҳтарин ҷиҳоду муҷоҳада гуфтани каломи ҳақ аст назди султони ҷоир, золими мустабид. Ва дар айни ҳол ба Раҳмонов ва фатводурусткнҳояш гуфтан, ки ғалат мекунед, на шумо ва на каси дигаре чунин ҳақро надоред! Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст:

من رأى منكم منكرًا فليغيره بيده، فإن لم يستطع فبلسانه، فإن لم يستطع فبقلبه، وذلك أضعف الإيمان

Ҳар, кӣ аз шумо мункареро дид, бояд бо дастонаш онро бартараф кунад, ва агар натавонад бояд бозабдонаш бигуяд ва агар бозабон наметавонад, бо қалбаш онро нахоҳад ва ин (бо қалб) дараҷи заъифии эмондорӣ аст. (Ҳадиси саҳеҳ)

Худованд дунё ва охирати ҳаммаи моро обод кунад ва аз итоъати ингуна фармонҳо, ки мухолифи дину фармудаи Худову расулаш аст, нигоҳмон бидорад. Аллоҳ ин моҳро аз ҳаммаи бандагонаш, аз мусофирон, аз беморону касоне товони рӯзадорштанро надоранд, қабул кунад. Аллоҳ ин вабои короноро, ки дунёро ба таҳлука даровардааст аз саросари олам дур бисоз. Ба беморон шифо, ба ҳоҷатмандон расидани ҳоҷатҳояшон, ба бечорагон чора ва ба оворагони дур аз Ватану наздикон, баргаштан ба Ватан ва канори наздиконашон хотирҷамъӣ насибу рузӣ бигардон! Худоё арвоҳи гузаштагони моро ва арвоҳи тамоми муъминонро аз мо шод бигарон!

Ва саллаллоҳу таъоло ало расулиналкарим, Муҳаммадин ва олиҳӣ ва асҳобиҳӣ васаллам валҳамдулиллоҳӣ раббилоламин.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳу.

Варшава, Лаҳистон

29.04.2020

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s