Мо мусулмонҳо ва Коронавирус — (Видео)

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!

وَإِذَا مَرِضْتُ فَهُوَ يَشْفِينِ..

Ва вақте бемор шудам Ӯ аст (Парвардгори ман), ки шифоям медиҳад..

(Шуъаро: 80)

Дустони азиз! Ин ҷо мехоҳам дар бораи вируси Короно суҳбат кунам. Вирусе, ки оламро дар таҳлука оварда, як идда аз гирифторону мабталошудагони ба он, то кунун фавтидаанд. Ва дар ин охир Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ин бемориро, бемории ҳамагир (Пандемия, Pandemic, وباء) эътироф кард..

То ин лаҳзае мову шумо ҳастем, ниҳодҳои расмии давлатӣ ва беҳдоштӣ, руҳониён ва шахсиятҳои алоҳида ва ниҳодҳои мазҳабии гунонун, шабакаҳои маҷозӣ, чизҳои зиёде нисбат ба он гуфтаанд. Бархеҳо инро як бемории оддӣ, як иддаи дигар таҳдид, ғазаби Худо, ки нофармонӣ аз Ӯ боис шуда, то Худо аҳли заминро ибрате бидиҳад. Байни ин гуфтаҳо чизҳои ноумедкунанда ва умеду орзуҳои нек ҳам бисёр аст.

Албатта, то инҷо қариб ҳама гуфтаҳо дуруст ва табиъӣ аст. Ишколе надорад, ҳама бар ҳасби биниш, зарфият ва завқи худ чизҳое гуфтаанд. Ин ҳаққи ҳар як инсон аст ва гуноҳе надорад. Аммо бадбахтӣ ва то ҷое гуноҳ, дар он аст, ки бисёриҳо аз он, барои беҳбудбахшии зиндагии моддии худ истифода мебаранд, як иддаи зиёди дигар ба иллати нодонӣ, ва ё ғаразҳои бадбинии дарунии худ нисбати Худо ва муътақидони адён, махсусан ислом, ҳарфҳои носазои зиёде мегуянд ва бо ин роҳ ба эҳсосоти мардуми мусулмон бозӣ мекунанд. Ба ҳадде, ки аз доираи инсонӣ берун мешаванд, фаромушт мекунанд, ки ин замин ва ончӣ дар он аст барои инсон аст. Ва худи инсон сабаби хушзистану бадзистан ва сиҳативу бемориҳо мебошад. Агар як мушкиле омадааст, худи инсон аст, ки ба Ӯ тавони муқобила бо он додашудааст, вале баҷои саъю талош ва пайдо кардани роҳҳои муқобала –Худо паноҳ диҳад- мегуяд: “Худо зураш ба ин беморӣ намерасад”. Ин аст дар воқеъ хато, гуноҳ ва ҳадношиносӣ.

Муқаддима

Ман барои тавзеҳи матлаб танҳо як муқаддима ва ба ду нукта ишора мекунам. Ибтидо аз Аллоҳи пок талаб дорам, инро қабул ва ба нафъи ҳаммаи мардум бигардонад..

Дустони азиз! Зиндагӣ маҷмуъаи бешу камӣ аст, ҳаёти инсон мураккаб аз ғаму шодӣ мебошад. Инсон оғушта ба дарду беморӣ ва саломативу тандурустӣ аст. Ҳаммаи башарият, ҳатто паёмбарони улулазми илоҳӣ ҳам, агар дар байни мову шумо бошанд, дар ин қисмат ва дар ин беморӣ ва дар ин вабо бо мо шарику баробаранд..

قُل لَّوْ كَانَ فِي الْأَرْضِ مَلَائِكَةٌ يَمْشُونَ مُطْمَئِنِّينَ لَنَزَّلْنَا عَلَيْهِم مِّنَ السَّمَاءِ مَلَكًا رَّسُولًا ..

Бигу эй Муҳаммад бар фарзе дар руи замин фариштаҳо мебуданд ва оромона сайру зиндагӣ мекарданд, он гоҳ фариштаеро ба онҳо паёмбар мефиристодем..

(Исро: 95)

Ин ҷавоби мушрикон буд, ки аз Паёмбари ислом хостанд: “агар Худое аст, қодиру тавоно ва ҳидояти моро мехоста, чаро фаришта барои ҳидояти мо нафиристад?!” Худо ба онҳо мегуяд: “Иддиъои шумо дар сурате дуруст мебошад, ки дар дунё баҷои шумо фариштагон бошанду сайру зиндагӣ кунанд”

Ҳоло мо инсонем, Паёмбарон ҳам аз ҷинси мо мебошанд –Худо худ инро гуфта-, пас онҳо дар қисмати инсонӣ бо мо шариканд, ҳар дарду аламу вабое, моро мавриди ҳуҷум қарор бидиҳад онҳо ҳам, эҳтиёти худро нагиранд ва асбоби безарарсозии онро истифода накунанд, гирифтор мешаванд ва озору азият мебинанд.

Ҳазрати Исои Масеҳ, паёмбари улулазми Худо аст. Аз муъҷизаҳои эшон шифо додан ба беморони модарзодӣ; касалиҳои пуст (песӣ), нобиноӣ ва карӣ, ношунавоӣ буд, ҳатто мурдаҳоро бо даму дуъо зинда мекард. Худо мегяд: “ ва ба ёд меорӣ, ҳолтеро, ки мурдаҳоро бармехезондӣ (зинда мекардӣ) бо хости ман” (Моида: 110). Ривоят мекунанд, ки бемории маъида дошт. Табиби солхурдаи румие уро дида, аз дарде дорад бохабар мекунад ва як миқдор гиёҳҳои хушккардаеро ба Ӯ медиҳаду мегуяд: “ин ба бемории маъидаи шуморо шифо аст”. Исои паёмабр (а.с) бар ҳасби башарӣ аз ин кор таъаҷҷуб мекунад, ки: “ман як паёмбар, беморон бо дуъои ман шифо меёбанд, ин мард, дарди маро медониставу ҳамин алафҳои хушкшуда шифои дарди ман мешудааст?!”. Рад мекунад. Ин беморӣ дар тамоми зиндагӣ, уро озор медод, боре ба Худо арз мекунад, ки: Илоҳӣ! ба ман чунин дарде додаӣ, маро шифое бидеҳ. Парвардгор мегуяд: “оре ба ту ин дардро додам, вале шифои ту дар он гиёҳҳое мебошад, ки яке аз бандагонам ба Ту арз кард. Аз он алафҳо истифода будар”

Хулосаи муқаддима ҳамин, ки дарду олом, шодиву хурсандӣ ҷузъи олами ҳастӣ буда, дар мубтало шудан ё нашудан, ҳамаи инсонҳо баробаранд. Шумо инсонед, дар дунё арзи вуҷуд доред, ногузир ҳастед барои эминӣ ва хушҳолии худ, тобеъи қонуни ҳастӣ бошед! Хатое аз шумо сар зад, иштибоҳе кардед, ногузир мубтало мегардед!

Ҳоло нуқтаҳое мехоҳам ба онҳо ишора кунам:

Аввал: То ин дам бемориҳои зиёде буданд, ки ба инсонҳо хатар ворид мекарданд. Башарият ба тамоми онҳо муқобала кард ва пируз шуд. Ҳоло вируси Короно аз хеллои он бемориҳо хатарноктар нест. Ин беморӣ то ин муддат ҳам шиносоӣ шудааст. Дар таркиби гушти хук, мор ва шабпарак (куршапарак)ҳо дида мешуд, вале на ба ҳадди хатарнок, ки ба инсонҳо ҳуҷум кунад ва хатареро барои онҳо эҷод кунад. Ҳоло, ки ингуна шудааст, худи мардум метавонанд худро аз ин вабо нигоҳ бидоранд. Кумитаи беҳдошти ҷоҳонӣ ва марказҳои муъолиҷавии алоҳида дар кишварҳои ҷаҳон бо ин восоили пешрафтаи илмӣ ва таҷрибае дар ихтиёр дорад, -гарчанде маддат ҳам бихоҳад- метавонад илоҷи онро ба осонӣ ёфта, хатари онро бартараф кунанд. Танҳо мардумро лозим аст талаботи нишондодаи созмонҳои беҳдоштии сиҳҳиро анҷом бидиҳанд. Назофату покиро риъоя ва шустушуи дастҳо, даҳону бинро дар ҳар чан муддат ба роҳ монанд, махсусан баъди баргашт аз берун ва дидор бо дигар афрод ва молидану дастзадан ба ашёи мавриди истифодаи умумӣ, мисли дастқапакҳои дарҳо, нишасгоҳои воситаҳои мусофиркашии умумӣ ва гушиҳои обрезакҳе, ки дар истифодаи омма мебошанд, ва монанд ба инҳо ҳар чизи дигаре бошад. Албатта истифодаи воксинҳои муҳофизатӣ ва тановули витоминҳои тақвити организм барои мубориза ба он. Ва дурӣ аз ҳама гуна ҷашну таҷаммуъҳо, лоақал коҳиш додан ба онҳо.

Ма мусулмонем. Ҳоло дини мо ба ин чӣ мегуяд?! Ислом ба нишондодҳои илмӣ муқобил нест. Ҳатто бастани масҷиду мутаваққиф кардани намозҳоро бо ҷамоът вақте талаботи ниҳодҳои сиҳҳӣ онро тақозо мекунад, қабул дорад, зеро намози боҷамоъат, ниёишу дуъоҳо ба хотири тарбия ва тақвияи маънивии инсонҳо мебошанд. Албатта тарбият ва тақвияти маънавӣ ҳамроҳ бо саломатии ҷисмии инсонҳо ва барои солматии одамҳо..

Қобили зикр аст, ки омилҳои муҳофазатӣ ва эмин мондан аз ин беморӣ, тавре гиҳодҳои беҳдоштӣ нишон додааст, ба риъояи назофат, покӣ ва бештар шустушуи аъзои зоҳирии инсон марбут мебошад. Барои мову шумо мусулмонон назофату тозагӣ аз авлавиёти зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Дини мо, ақидаи мо анҷоми ибодатҳои рузмарраи мо, намоз, ки дар як шабонаруз 5 маротиб дар панҷ вақт адо меёбад, бе таҳорат, ки покӣ аст, адо намешавад. Пас барои мо мусулмонҳо риъояи талаботи роҳҳои безарарсозии ин Вабо ва мубориза бо он ҳеҷ мушкилие надорад.

Дар вақтҳои набудани ин вирус мо ин поккорӣ ва шустушуҳои андоми худро ба такрор анҷом медодем. Ҳоло тасаввур кунем, ки намоз 50 вақт мешуд, чи тавре дар ибтидо ҳаминтавр буд. Дар шаби Меъроҷ мукаррар ҳазраи Мусо (а.с) аз паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) хост, то аз Павардгор бихоҳад кам гардонад, ки ниҳоят дар 5 вақт қарор шуд. Пас чи мафоде барои пайравонаш медошт?!

Аз ин бармеояд, ки парвардгори мову шумо ҳам меҳрубон асту ҳам ба ҳама чиз қодир. Зури Ӯ ба ҳама кас ва ҳама чиз мерасад. Танҳо суннати Парвардгор дар офариниш ин аст, ки замин ва ҳастие инсонро иҳота мекунад дар ихтиёри инсон бошад. Ӯ халифи Худо аст ва метавонад ободӣ кунад, ё вайронӣ. Зури Худо мерасад, зури мову шумо намерасад, зеро салоҳиятҳои ба мо додаро, (миссияи худро) мо дар руи замин дуруст истифода намебарем..

Дуввум: Ин Вабо омилаш ҳар чизе бошад: маъсияту гуноҳҳо, ки хелло зиёд шудаанд дар рузгори башарӣ; поймолкунии ҳуқуқу озодиҳои ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ ва ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо бо иллатҳои мухталиф; барангехтани таъасубҳои нажодӣ, ки дар ҷаҳон бисёр ба мушоҳида мерасад, сабабҳои дигари он шуда метавонанд, ки инҳо ҳама дар ҷойи худ ҷурму гуноҳ мебошанд. Як омили дигар ин рақобати носолими иқтисодӣ, ки хадсу гумонҳое дар ин робита зада мешавад, ки ба хотири пешгирии бозорҳои якдигар, сунъӣ ба ингуна ҷиноятҳо даст зада истодаанд, ки инаш бадбахтиовартар аст..

Дарду олому бемориҳо табъати олами ҳастӣ мебошанд. Вале агар қарор бошад, ки натиҷаи кирдори бадӣ одамҳо ҳам ба онҳо сабаб бошад, тавре Аллоҳ ба он ишора мекунад:

ظهر الفساد في البر والبحر بما كسبت أيدي الناس ليذيقهم بعض الذي عملوا لعلهم يرجعون..

Фасод (беморӣ, вабо) дар замину баҳр, ба асари хилофкориҳое мардум анҷом додаанд, пайдо шуд, то баъзе кардаҳои онҳоро нишонашон бидиҳад, то аз бадкориҳо баргарданд..

(Рум: 41)

Ин танҳо ғайри мусулмонон нестанд, ки сабабгор бошанд, балкӣ муъминону мусулмонҳо бо нофармонҳои Худованди худ ва ғалату суи истифода аз фармудаҳои Ӯ, бо дигарон дар боис шудани ҳаргуна мусибатҳо барбаранд.

Вақте Аллоҳи субҳон, хотоб ба муъминон мегуяд:

 يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ حَقَّ تُقَاتِهِ وَلَا تَمُوتُنَّ إِلَّا وَأَنْتُمْ مُسْلِمُونَ..

Эй муъминон аз Аллоҳ ба андозаи муносиб ба тарси Ӯ битарсед ва мусулмон ин дунёро тарк бигуед!

(Оли Имрон: 102)

Вақте онҳоро хайрулбарийяҳ, беҳтарини бошандагони курраи замин, (Байина: 7) мегуяд, вале ин “беҳтаринҳо” аз фармонҳои Парвардгори худ сарпечӣ ва онҳоро муътал месозанд, ба ном мусулмону -Худо паноҳ бидиҳад- гуноҳу мункаротро тавре анҷом медҳанд, ки ғайри онҳо он гуна намекунанд. Ин шаҳодати бар ботил додан аст ва вазнинтару зиёновартар.

Ҳоло ҳар чизе бошад, ё набошад, бояд дар бораи он маъсияту гуноҳкориҳо ва табъизэҷодкуниҳо таҷдиди назар шавад. Ба ҳаммаи онҳо хотима дода шавад. Солиҳ бояд шуд. Ва рақобатҳои тиҷоратӣ бояд солим бошанд. Ба доди ақалиятҳои қавмиву мазҳабӣ расидагӣ шавад. Бояд бадрафториҳои ирқиву нажодӣ аз байн бурда шавад. Башар, инсонҳо дар канори ҳам зистанро бароҳ монанд. Аз иштибоҳот ва поймолшавии ҳуқуқи якдигар, ки то ин дам будааст, изҳори пушаймонӣ ва ба ҳама қавмиятҳо ва муътақидони адёну равияҳои гуногун ҳаққи бо ҳам баробар зистан бода шавад..

Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар чунин мавридҳо, илова ба пойбанд будан ба хостаҳои ниҳодҳои сиҳҳӣ ва табобату муъолаҷа, тавассул ба Павардгор, пойбандӣ ба ахлоқ, дуъову истиғфор аз гуноҳон, кумаку дастгирии ниёзмандҳо, садақа ва расидагӣ ба ҳоли дармондагону бенавоёнро илоҷи дигар барои ин мусибатҳо, мефармоянд. Ба суи Парвардгор баргаштан лозим аст. Лоақал мо мусулмонҳо ба эътиқоди худ пайбанд бошем. Эмони комил дошта бошем, ки маргу зиндагӣ дасти Парвардгор аст, мо нохоста ба мо ҳаёт дода шудааст, боз то худи Ӯ нахоҳад ва амр накунад як инсон, кай ва дар куҷо, на пеш аз вақт ва на пас аз вақти муқарраршуда, намемирад. Ин намунаи олӣ ва шаҳодати дурусте барои дигарон мешавад.

Биёед як бори дигар ингуна фикр кунем: агар ин коронавирус набошад –Худо несту нобудаш ҳам кунад-, маргу мириш аз байн меравад ва маргу мурдане дигар нест?! Шояд маргу миришҳо бе ин вабо бештар буда бошад, махсусан дар байни мо тоҷикон..

Ҳоло хубаст мо ҳам барои бартарафии ин Вабо ва мусибате, ки ҷаҳонишавӣ (глобал)ӣ шудаистодааст, тибқи суннати фармудаи Паёмбарамон (с) дуъо кунем:

اللهم إنا نعوذ بك مِنْ الْبَرَصِ، وَالْجُنُونِ، وَالْجُذَامِ، وَمِنْ سَيِّئْ الْأَسْقَامِ..

Илоҳӣ! Мо аз песӣ ва девонагиву ҷузом ва аз бадии тамоми бемориҳо ба Ту паноҳ мебарем..

Аллоҳи меҳрубон бо лутфу инояти худ ба ин беморӣ даво ва мардуми саросари оламро аз ғаму кулфати он раҳоӣ бубахшо. Омин ё раббал оламин!

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳӣ ва баракотуҳ!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s