Суннат, дуввумин сарчашмаи илмии мусулмонон

Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим

Бешак китоби Аллоҳ росттарин, ва роҳи нишондодаи ҳазрати Муҳаммад (с) беҳтарин роҳ аст. Ношоёнтарини корҳо сохта ва бофтаҳои сунъӣ дар дин мебошанд, ва тамоми сохтаҳову бофтаҳои берун аз китобу суннат, гумроҳист ва ниҳояти ҳар гана гумроҳӣ гирифторӣ ба азоби ҷаҳаннам аст. Ва Худоро шукргузорӣ мекунам, ки моро роҳнамоӣ ба суи роҳи дуруст кард ва агар роҳнамоии Ӯ намебуд мо роҳи дурустеро намеёфтем. Дуруду саломи бепоён ба фиристодаи Ӯ, ҳазрати Муҳммад (с) ва хонадону ёронаш.

Ислом бар асоси китоб (Қуръон) ва суннат (қавлу кирдори Набӣ с.) бино шудааст. Бешак суннат сарчашмаи дуввуми қонунгузорӣ дар Ислом аст, ки пас аз Қуръони маҷид ин мартабаро дорост. Қуръон пайравӣ аз суннати расулуллоҳ (с) ро воҷиб қарор додааст:

وأطيعوا الله وأطيعوا الرسول

Аз Худо ва расули Ӯ итоъат кунед.

(Тағобун: 12)

Довари ҳақиқӣ қабул надоштани Паёмбар (с) дар ҳалли ихтилофоту низоъҳо ва ба сурати комил таслим нашудан ба фармудаҳои Ӯ орӣ аз имон баҳисобад меравад:

فلا وربك لا يؤمنون حتى يحكموك فيما شجر بينهم ثم لايجدون في أنفسهم حرجا مما قضيت ويسلموا تسليما

На.. (ин гуна нест) Савганд ба Парвардигорат, онҳо муъмин ба шумор намераванд, то замоне туро дар ихтилофоту низоъҳояшон довар қарор дода, пас аз доварии Ту ҳеҷ тардиде нанамуда, комилан таслиму фармондурдор бошанд.

(Нисо: 65)

Шона холӣ кардан аз суннати Паёмбар (с) оқибати сангин дорад. Қуръон ба он ҳушдор медиҳад:

فليحذر الذين يخالفون عن أمره أن تصيبهم فتنة أو يصيبهم عذاب أليم

Бояд аз оқибати сарпечии дастури расули Худо барҳазар бошанд! (чун сарпечӣ) гирифтори бало ё азоби дарднокашон мегардонад.

(Нур: 63)

Ба таври умум, пайрвӣ аз суннати расули акрам воҷиб ва таслим ба он ногузир аст:

وما آتاكم الرسول فخذوه وما نهاكم عنه فانتهوا

Ва он чизҳоеро, ки Паёбар (с) барои шумо овардааст бигиред ва аз ҳар чӣ шуморо боз доштааст дур бошед.

(Ҳашр: 7)

Бино бар ин байни мусулмонон дар бораи ин, ки суннати паёмбарашон ҳуҷҷат ва санад мебошад, ҳеҷ гуна ихтилофе вуҷуд надорад.

Ҷойгоҳи суннат

Суннат бар асоси вижагиҳои хос, ҷойгоҳ ва маконати хешро ҳамчун дуввумин сарчашмаи қонунгузории Ислом дорост. Ин мартаба барои суннат дар чаҳор нукта гирд меояд:

1) Таъйиди матолиби Қуръон, яъне бахше аз суннат (дар зоти худ) ҳамчун далоил (нусус) ба таъйиди матолиби Қуръон мепардозанд, монанди ҳурмати хурдани моли ҳаром, манъи аз зино, нофармонӣ аз падару модар ва шаҳодати бардуруғ ва…;

2) Тафсили мавзуъҳои муҷмал (номафҳум) аз Қуръони карим, яъне як бахши дигари суннат равшангари он идда аз матолибе, ки дар Қуръони карим ба сурати умум омаданд, мебошанд, монади таъйини ракаъатҳо ва тартиби вақтҳои намоз ва чӣ гуна пардохтани закот ва..;

3) Мухассас кардани мавзуъҳои умумӣ аз Қуръони карим, яъне навъи дигаре аз суннат мавзуъҳое, ки дар каломи раббонӣ мутлақ ва ба сурати умум омадаанд, мухассас мегардонанд, мисли калта кардани дасти дузд ва…;

4) Насси қотиъ, яъне як қисми дигари суннат худ дарбаргирандаи аҳкоме мебошанд, ки дар Қуръон ба онҳо пардохта нашудааст, монанди воҷиб шудани товони хун (хунбаҳо) бар зимаи қабила ва…;

Бинобар ин суннат дар чунин маворид бо ҳукми Қуръон карим мақоми мусовиро гирифта пайравӣ аз он воҷиб мебошад, далоилаш дар боло зикр шуд. Ва Паёмбари Ислом (с) фармудаанд:

ألا إني أوتيت القرآن ومثله معه

Огоҳ бошед, ки Қуръон ва мисли он (яъне суннат) ба ман дода шудааст.

Дар як ҷумла боаяд дониста шавад, ки тасаввури комил ва фаҳми дурусти Ислом бидуни суннати Расули акрам (с) имкон надорад.

Чӣ гуна фуруд омадани ваҳй

Ваҳй ҳодисаест, ки дар сини чил солагии умри ҳазрати Муҳаммад (с) рух додааст. Ин як мукошафа (مكاشفه, Revelation, откровение) аст, ки Аллоҳ (ҷ) ба воситаи фаришта, Ҷаброили амин ҳақиқати хеш ва олами ҳастиро барои Муҳаммад (с) кашф мекунад. Дар зимн уро аз ҳақиқати ҳастӣ ва мақсади офариниш огоҳ намуда, уро хабар медиҳад, ки Ӯ охирон силсилабаргузидаҳои Аллоҳи меҳрубон барои ҳидояти бандагон мебошад.

Аз ахбори ворида дар китобҳои саҳеҳ (китобҳои машҳури шашгонаи аҳодиси саҳеҳи Паёмбар) бармеояд, ин як роҳи иртиботи Аллоҳ бо бандагон мебошад. Аз яктараф мақоми ҷалолати каломи Худо ва азамати қабули паёму аҳком тарафи парвардгор. Аз тарафи дигар бидъати ин ҳодиса ва бакорати руёруи бо фариштаи ваҳй. Инҳо кори содда ва осоне намебошанд. Қуръон худ азамату шукуҳи онро бозгу мекунад:

لو أنزلنا هذا القرآن على جبل لرايته خاشعا متصعدا من خشية الله وتلك الأمثال نضربها للناس لعلهم يتفكرون

Агар ин Қуръонро бар куҳе (бо он салобату бузургие дорад) нозил карда будем, медиди онро ҳақиру залилу пошхурда аз тарси Худо ва ин масалҳоеянд, ки мезанем барои мардум, то онҳо тафаккур дошта бошанд.

(Ҳашр: 21)

Ривоёти фаровон ҳолатҳои сангинии сарвари муъминонро вақти руёруӣ бо номуси ваҳй, Ҷабараил (а.с) ҳангоми фуруд омадни ваҳй баён кардаанд. Ибни Аббос, Ҷобир ва бисёре аз саҳобагон (разияллоҳу анҳум) аҳодисеро аз Паёмбари Ислом (с) дар ин хусус ривоят кардаанд:

عن جابر بن عبدالله (رض) وهو يحدث عن فترة الوحي: فقال في حديثه بينا أنا أمشي سمعت صوتا من السماء فرفعت بصري قبل السماء فإذا الملك الذي جاءني بحراء قاعدا على كرسي بين السماء والأرض، فرعبت فجئت أهلي فقلت زملوني، زملوني، بأنزل الله تعالى: «يا أيها المدثرقم فأنذز» إلى قوله «والرجز فاجر» فحمي الوحي وتتابع

Аз Ҷобир писари Абдуллоҳи ансорӣ (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) аз фатра (ин замонест, ки баъди аввалин руёруии Паёмбар с. бо фариштаи ваҳй, ба муддати 40 руз уро надид, ваҳй канда шуд) сухан мекард, гуфт: рузе дар масири роҳ садое ба гушам расид, чашм ба суи осмон андухтам, дидам ҳамон фариштаест, ки дар ғори Ҳиро наздам омада буд, Ӯ руи курсие байни замину осмон қарор дорад, бо дидани ин саҳна дучори тарс шудам ба хона баргаштам ва гуфтам: чодаре руи ман бияндозед, он гоҳ ин оёт нозил шуд: “Эй он касе чодар ба худ печидаӣ! Бархезу мардумро аз гуноҳ барҳазар дор. Ва бузургии Парвардигоратро эълом кун. Ва либосҳоятро покиза нигоҳ дор. Ва аз гуноҳро дурӣ кун” баъди ин буд, ки ваҳй пайдарпай нозил мешуд.

Баъди идомаи ваҳй ва инс гирифтан бо фаришати ваҳй тарсу ваҳшати ғарибӣ дур шуда бошад ҳам, ҳайбати маконати олии паёми рабонӣ ва шукуҳу бузургии он ҳамоно ба ҷои худ боқӣ монд.

Модари муъминон ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) яке чанд ҳолати қабули ваҳйи Паёмбарро ривоят мекунад:

عن عائشة أم المؤمنين رضي الله عنها: أن الحارثة بن هشام (رض) سأل رسول الله (ص) كيف يأتيك الوحي..؟ فقال رسول الله (ص): «أحيانا يأتيني مثل صلصلة الجرس وهو أشده علي فيفصم عني وقد وعيت عنه ما قال، وأحيانا يتمثل لي الملك رجلا فيكلمني فاعي ما يقول» قالت عائشة رضي الله عنها: ولقد رأيته ينزل عليه الوحي في اليوم الشديد البرد فيفصم عنه وإن جبينه ليتصدع عرقا

Аз модари муъминон Оиша (разияллоҳу анҳо) ривоят аст, ки Ҳорис писари Ҳишом аз Расули Худо пурсид: эй расули Худо ваҳй чи гуна барои шумо меояд? Расули Худо (с) гуфт: гоҳо монанди садои зангула нозил мешавад ва ин сангинтарин навъи он аст. Пас дар ҳоле душвории он дур мешвад, ки ман ваҳйро аз худ кардаам. Гоҳе ҳам фариштаи ваҳй ба сурати инсон меояд ва бо ман сухан мекунад ва ман гуфтаҳояшро аз худ мекунам. Ҳазрати Оиша (разияллоҳу анҳо) мегуяд: ҳангоми сардии зиёд, вақте бар он Ҳазрат ваҳй меомаду қабул менамуд, медидам, ки ҷабини он Ҳазрат машки обе шуда, қатра, қатра мечакид.

Тамоми имомон, ровиёни ҳадис ва фуқаҳои шаръ ва муфссирини Қуръон аз шукуҳу азамати каломи раббонӣ ва суннати набавӣ мутаассир ва ин эҳтиромро қоил буданд. Ва ҳангоми ривоят кардану аз Паёмбар (с) ном бурадан, шакли зоҳирии онҳо тағйир мекардааст.

Ибни Масъуд (р) ро ҳикоя мекунанд, боре савори уштур, мавриди ба забон овардани ҳадиси Паёмбар (с) “Паёмбар фармуд”, “Расули Худо гуфт” аз “Расули Худо, аз Паёмбар (с) шунидам” ва “ё монанд ба гуфтаи Расули Худо” гуфта, то ҳадде қоматаш хам шуд, ки пешониаш қариб буд ба қоши зин бирасад, садояш мегирифт аз хавфу хузуъ гулугир мешуд.

Гузаштагони начандон дури мо, ҳатто дар даврони ҳукумати Иттиҳоди Шуравӣ чунин эҳтиромро нисбат ба муқаддасоти динӣ, уламо ва хатту осори худ доштанд. Намефаҳмам аз нодонӣ буд ё воқеан арзиш гузоштан?! Ҳоло ҳар чӣ буд ҷои худаш, вале мо ҳаминро бояд бидонем, ки китоби илоҳӣ ва суннати набавӣ ва осори дини мубини ислом байни муътақидони худ дар зоҳир ва ботин ҷайгоҳи азим ва шукуҳу азамати хоссеро дошт ва мафоди мутақобилеро ҳам ба бор овард; ҳам муътақидони дини илоҳӣ аз оийи поки фиристодаи Парвардгори олам мустафид ва дар рузгор саъодатманд гардиданд ва ҳам дини мубини ислом бо парваришу руикор овардани донишмандону нобиғагон намунаи даврон боқӣ монд. Мутаассифона барои мо ин дин на он ҷойгоҳеро дорад, ки гузаштагони мо дошт ва на мо дар ҳадде шудем, ки бо истифода аз он хидмати шоистае ба кишвару миллати худ карда битавонем.

Саҳеҳи Бухорӣ намунае аз арзишу заҳматҳое мебошад, ки аиммаи муҳаддисин ва гузаштагони ислом ба он қоиланду анҷом додаанд. Он бо иттифоқи уламои ислому эътиқоди мусулмонон саҳеҳтарин китоб баъди Қуръони карим аст. Имом Бухорӣ (р) онро дар муддати 16 сол аз миёни шашсад ҳазор ҳадисе, ки гирдоварӣ карда, таълиф намуд. Ӯ мегуяд: “ҳар ҳадисеро, ки мехостам дар китоби саҳеҳи худ (саҳеҳи бухорӣ) дарҷ кунам, ибтидо ғусли таҳорат мекардам, ду ракъат намоз гузорида, истихъора менамудам, дар сиҳати он яқин, ки ҳосил кардам, сипас онро дар китоби худ (саҳеҳи Бухорӣ) сабт мекардам.”

Ҳамин ва ё монанд ба ҳамин мебошад тамоми сиҳоҳе, ки суханони Расули акрам дар онҳо гирд оварда шудааст. Илова бар заҳматҳои аимаи муҳаддисин, хулуси ният, баҳсу пурсуҷуи ровиёни ҳадис, фанни махсусе ҳаст, ки перомуни тавотур ва сиҳати ҳадис, заъф, марфуъ ва мавзуъ будани ин сарчашмаи муҳими исломӣ баҳс мекунад. Ин фанн хело сахтгириҳои мусбӣ дар аҳодиси набаҷиро дорад ва диқати фавқуллодае ба суннати Паёмбари ислом (с) доарад.

Хулоса

1) Суннат ҷузъи (ваҳй) фиристодаҳои Худо аст барои Паёмбар (с). “Огоҳ бошед, ки Қуръон ва монанд ба он (яъне суннат) ба ман дода шудааст..”;

2) Боварии комил дошт, ки тасаввури дуруст ва фаҳми комил аз Ислом бидуни суннати Расули акрам (с) имкон надорад;

3) Ба ҳар андозае мусулмонон аз суннат дур шаванд ба ҳамон андоза аз ба даст овардани ризои Аллоҳ ба дур мемонанд.

4) Асҳоб баъди аз сар рафтани Паёмбарашон (с) зикру ёди суннати эшоро соъати таҷдиди имон қаламдод мекарданд:

تعالى نؤمن ساعة

Биёед соъате эмон биёварем.

Дар он соъат бо зикру ёди Паёмбари Худо буда, бо ин баҳона ҳар кадом аз хотироти худ бо ҳабиби дилҳо (суннати он) сухан карда, ашк мерехтанд ва инро таҷдиди имон медонистанд..

Ва миналлоҳиттавфиқ!

Муҳаммадсаъид Ризоӣ

Оставьте комментарий